Тавсияи C.ONE ба ҷавонон

Яке аз рэпсароҳои маъруфу муваффақ C.ONE дар наворе доир ба соҳаи рэп, саломатиаш ва дилмондагиаш гуфта, ба ҷавонон чанд тавсия дод.

«Ман ҳаққи гапзаниву тавсиядиҳӣ надорам, вале ба ҳар ҳол гуфтаниям, ки ҳар касе ба рэп завқ дорад, беҳтараш фикри дигар кунад. Фикри аҳли оиларо карда, дар дигар соҳа кӯшиши муваффақ шуданро кунед. Аз ин роҳ баракат нест, дар ин соҳа то дурӯя набошӣ, кори хуб карда наметавонӣ”,- гуфт рэпсаро.

C.ONE ба дурӯягиву кӯрнамакӣ ишора мекунад, вале маълум нест, ки дақиқан киро ё киҳоро дар назар дорад. Ӯ дар навор афсурда намуда, дилашро холӣ мекунад.

— Дар ин соҳа мардҳо ҳастанд, вале номардҳояш зиёданд. Кӯрнамакҳо бисёранд, ки ба мисли онҳо шудан намехоҳам,- илова мекунад ӯ. Рэпсаро дар охир таъкид мекунад, ки аз пушти рэп ва аз фикри зиёди ин соҳа саломатиашро аз даст додааст ва хуб мешавад, ки ҷавонон дар дигар самтҳо кор кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *