Тирпарронӣ миёни Арманистону Озарбойҷон: ҳалокшудагон ҳастанд

Ниҳодҳои низомии ду кишвар хабар доданд, ки Ереван ва Боку ҳамдигарро дар тирпарронӣ дар минтақаи долони Лочин муттаҳам карданд, ки аз ҳарду ҷониб ҳафт нафар кушта шудаанд.

«11-уми апрел воҳидҳои неруҳои мусаллаҳи Арманистон аз мавқеъҳои худ дар самти аҳолинишини Диги вилояти Горис (Арманистон) ба мавқеъҳои муқобили артиши Озарбойҷон дар самти Лочин аз самтҳои гуногун оташ кушоданд»,- гуфта шудааст дар баёнияи Вазорати дифои Озарбойҷон.

Ба ҳамин монанд, дар дар баёнияи Вазорати дифои Арманистон омадааст: «11-уми апрел воҳидҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Озарбойҷон ба сӯи хидматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон, ки дар самти ҷамоати Тех корҳои муҳандисӣ анҷом медоданд, оташ кушоданд. Ҷониби Арманистон иқдомоти ҷавобӣ андешидааст”.

Тех ва Диг номҳои арманӣ ва озарии як шаҳракест, ки дар 10-километрии шаҳри Гориси Арманистон ва тақрибан 40-километрии Степанакерт, пойтахти ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Куҳӣ, дар шоҳроҳи васлкунандаи ин ду шаҳр воқеъ аст.

Аз ҷониби Арманистон чаҳор сарбоз кушта, шаш нафар захмӣ шуда, аз ҷониби Озарбойҷон се нафар кушта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *