Аз таҳти дил бихандед!
Хариду фурўш
Яке аз дигаре пурсид:
– «Одамони худӣ» киҳоянд?
Ў гуфт:
– Онҳое, ки харида шудаанд.
Гуфт:
– Ҳм-м…, аз ин мебарояд, ки онҳоро фурўхтан мумкин?
Футбол
Ду футболбози пир маслиҳат мекунанд, ки агар яке барвақт реҳлат намояд, бояд ба дигарӣ хабар диҳад, ки дар он дунё футбол ҳаст ё не. Инак, яке аз футболбозон мефавтаду баъди се рӯз ба рафиқаш хабар медиҳад:
– Ҷӯраҷон, ман бароят ду хабар дорам, яке хушу дигаре нохуш.
Рафиқаш мегӯяд:
– Аввал аз хушаш бигӯ.
Футболбози фавтида мегӯяд:
– Дар ин ҷо футбол ҳаст.
Рафиқаш мегӯяд:
– Хабари нохушат чист?
Футболбоз:
– Бозии футбол ҷумъаи оянда аст, ту бошӣ, дар ҳайати асосӣ ширкат меварзӣ.
Зан гирифт…
Яке аз дўсташ пурсид:
– Чаро сари Аҳмад докапеч аст?
Дўсташ гуфт:
– Чӣ, хабар надорӣ?
Вай гуфт:
– Не.
Дўсташ гуфт:
– О, ў зан гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ