Аз таҳти дил бихандед!
Хостгории пиракӣ
Пиразани 79-солае ба писараш занг зада, мегӯяд:
– Аз деҳоти ҳамсоя пирамарде ба ман хостгор шудааст.
Писар ба модараш маслиҳат медиҳад:
– Розӣ шавед, оча!
Пиразан дар ҷавоб мегӯяд:
– Эҳ, бачем, ба ман дарди сар чӣ даркор, он пиракиро боз гӯру чӯб кунам мӣ?
Ҳайрат
Зан аз шавҳараш мепурсад:
– Мардак, ту чӣ хел ба ман ошиқ шудӣ?
Шавҳар мегӯяд:
– Дидӣ, азизакам, ту ҳам аз ин кори ман дар тааҷҷуб мондаӣ…
Уқоб
Шавҳар ба хонааш маст меояд. Зан ҳолати ӯро дида, бо қаҳру ғазаб мегӯяд:
– Маст омаданатро мебахшам, вале чаро тахтапуштат харошида аст?
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
– Ту бовар намекунӣ… Роҳ гашта натавонистам… Маро уқоб ба хона овард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ