Аз таҳти дил бихандед!
Забон
Зане назди духтур барои муоина меравад. Духтур мегӯяд:
– Дил, шуш, гурда ва меъдаи шумо солим аст. Ҳоло бигзоред ҷоеро муоина кунам, ки фитна ба олам зада ва дунёро ба оташ кашонидааст.
Зан ҳамин ки домани худро боло мекард, духтур гуфт:
– Чӣ кор мекунед? Ман забонатонро дар назар дорам.
Ҷанҷоли автобус бо троллейбус
Автобус троллейбусро таъна мезанад:
– Мурда-мурда, рӯз то бегоҳ барои чор тин худатро ба сим кашол карда, азоб медиҳӣ.
Троллейбус дар қаҳр шуда, ҷавоб медиҳад:
– Ман ту барин нестам, ки барои як тин зӯр зада, аз дилу ҷигарам дуд барорам.
Дӯзах
Марде ба дӯсташ ҳасрат мекунад:
– Бо шарофати занам ман тақводор шудам.
Дӯсташ ҳайрон шуда, мепурсад:
– Чӣ тавр?
Мард дар ҷавоб:
– То рӯзи тӯямон ман ба вуҷуд доштани дӯзах боварӣ надоштам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ