Аз зиндон озод шуду боз даст ба ҷиноят зад

Ҷӯрабеки Мелиқул, сокини 19-солаи н.Рӯдакӣ, бо ҷурми дуздӣ аз ҷониби нозирони минтақавии ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ дастгир карда шуд.

Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шуда, ҳамагӣ 13-рӯз пеш аз Муасиссаи ислоҳӣ ба озодӣ баромадааст.

Гумонбаршаванда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ телефонҳои мобилӣ дучарха ва дигар ашёҳои арзишманди шаҳрвандонро дуздида, аз фурӯши он маблағи пулӣ ба даст меовард. Тафтишоти пешакӣ 7-далели даст доштани Ҷурабеков М.,-ро дар ҷинятҳои дуздӣ муайян намуд.

Айни замон гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, оид ба кирдорҳои ҷиноятии ӯ тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *