Баҳодур Усмонов

Баҳодур Усмонов. Қаҳрамони бокси тоҷик кист?

Баҳодур Баҳромович Усмонов 21-уми декабри соли 1997 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Баҳодур муштзани ҳаваскор ва касбии тоҷик аст, ки дар вазнҳои сабук ва якуми нимсабук баромад мекунад.

Узви дастаи мунтахаби миллии бокси Тоҷикистон, қаҳрамони Осиё (2019) дар Бозиҳои олимпии соли 2020 ширкат кардааст. Ду маротиба медали биринҷии Чемпионати Осиё (2021, 2022)-ро соҳиб шудааст. Ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ миёни ҳаваскорон аст. Дар ҳайати даставӣ дар финали мусобиқаи нимҳирфаии «Лигаи бокс. Ҷоми байниқитъавӣ» (2022) ширкат кардааст.

Ў моҳи апрели соли 2019 дар Бангкок (Тайланд) дар вазни то 64 кг, ки дар даври чорякфинал аз рўи холҳо бар муштзани туркман Тоғрулбек Паззиев пирўз шуд ва баъдан дар даври ниманиҳоӣ Санаталӣ Толтаеви ботаҷрибаи қазоқро шикаст доду дар финал аз рўи холҳо бар Обод Ал-Касбеҳӣ аз Урдун ғалаба кард, қаҳрамони Осиё шуд.

Моҳи сентябри соли 2019 дар чемпионати ҷаҳон дар Екатеринбург дар вазни то 63 кг ширкат кард. Дар 1/32 финал аз рўи хол бар украинӣ Олександр Железняк, дар 1/16 финал пеш аз муҳлат дар даври 3-юм бар Эрдемир Тугрули турк пирўз шуд, аммо дар даври 1/8 финал аз рўи холҳо аз фаронсавии ботаҷриба Софян Умия мағлуб шуд.

Моҳи марти соли 2020 дар Урдун дар мусобиқаи интихобии олимпӣ аз кишварҳои Осиё/Уқёнусия нахуст дар даври 1/8 финали мусобиқот бар муштзани Непал Сунил аз рўи холҳо бо қарори доварон ғолиб омад, вале дар чорякфинал аз рўи холҳо бо қарори якдилонаи доварон аз варзишгари ботаҷрибаи урдунӣ Обод Ал-Касбеҳӣ мағлуб шуд, аммо дар мусобиқаи иловагӣ бар Ашкон Ризоии эронӣ зафар ёфт ва ба Олимпиадаи соли 2020 роҳхат гирифт.

Моҳи июли соли 2021 ў дар вазни сабук (то 63 кг) ширкаткунандаи Бозиҳои олимпии Токио гардид, ки дар даври 1/16 финали мусобиқот аз рўи холҳо бо қарори аксарияти доварон Леонел де лос Сантосро аз Доминикан шикаст дод, аммо дар даври 1/8 финал аз рўи холҳо бо қарори якдилонаи доварон аз муштзани варзидаи ўзбек Элнур Абдураимов мағлуб шуд.

Қабл аз Олимпиадаи соли 2020, моҳи майи соли 2021 ў дар вазни то 64 кг барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё дар Дубай (АМА) шуд. Ў дар даври чорякниҳоӣ бар филиппинӣ Ҷон Пол Пануаян пеш аз муҳлат дар даври 3-юм пирўз, аммо дар нимфинал аз муштзани ҳиндӣ Шива Тапу бо имтиёзҳо мағлуб шуд.

Дар охири моҳи октябр — аввали ноябри соли 2021 дар Белгрод (Сербистон) дар Чемпионати ҷаҳон дар вазни то 63,5 кг ширкат кард. Дар даври 1/16 финал вай Иля Шакирови русро аз рўи холҳо мағлуб кард, аммо дар 1/8 финал аз Вонсуван Сомчаи тайландӣ аз рўи холҳо шикаст хўрд.

Моҳи ноябри соли 2022 барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё дар Урдун дар вазни то 63,5 кг гардид.

24-уми декабри соли 2020 дар шаҳри Маскав (Русия) дар ринги касбӣ дар вазни сабук (то 61,2 кг) аввалин бор ба майдон баромад ва бо қарори аксарияти доварон (58-54, 57-55, 56-56) Вилдан Минасови русро мағлуб кард. 28-уми январи ҳамин сол Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи RCC Boxing Promotions бо ширкаткунандаи финали Гран-прии WBO Дмитрий Хасиев ба ринг мебарояд. Усмонов дар ринги касбӣ се набард гузаронида, пирўз шудааст. Ҳарифаш ботаҷриба буда, 12 пирўзӣ, 4 мусовӣ ва 2 шикаст дорад. Дар мусобиқаи RCC Boxing Promotions 11 набард бо ширкати муштзанон аз Тоҷикистон, Русия, Фаронса, Танзания, Белорус ва Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *