Ба истифода додани бинои нави шуъбаи ВКД №1 дар ноҳияи Сино
10 ноябр дар шаҳри Душанбе бинои нави Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ №1 дар ноҳияи Сино бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расман ба истифода супурда шуд.
Бино аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дорои 64 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳи пурра муҷаҳҳаз бо 240 ҷойи нишаст мебошад. Синфхонаҳо ва толорҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида, дар бино инчунин китобхонаи замонавӣ ва навъҳои гуногуни лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Дар гирду атрофи бино майдони сафороӣ, таваққуфгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудаанд.

Зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки кормандон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, дониш ва малакаи худро баланд бардоранд ва барои пешгирӣ аз ҳолатҳои ногаҳонӣ омода бошанд.
Дар охир ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ №1 нақлиёти нави хизматӣ супурда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ