Ба муносибати сафари Президент ба Суғд 3 рӯз роҳҳо муваққатан баста мешаванд

Рӯзҳои 11-13-уми июл  сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд пешбинӣ шудааст.

Дар робита ин, Раёсати ВКД дар вилояти Суғд  аз роҳбандиҳо дар як қатор шоҳроҳҳо хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ:

-11 июл ноҳияи Айнӣ аз фурудгоҳ то деҳаи Сангистон тавасути роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, шаҳри Панҷакент аз деҳаи Рукнобод (Шӯрча) то кӯчаҳои Рӯдакӣ, Лоиқ Шералӣ тавассути роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент;

-12 июл  шаҳри Панҷакент роҳҳои автомобилгарди кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, хиёбони Рӯдакӣ то фурудгоҳи шаҳри Панҷакент, кӯчаҳои марказии деҳаҳои  Қалъаи Дӯст ва Басмандаи ноҳияи Деваштич;

– 13 июл  роҳҳои автомобилгарди шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин) кучаҳои Сирдарё, Султон Умаров, Раҳим Ҷалил, Исмоили Сомонӣ, 25- солагии Истиқлолият, кӯчаи Камоли  Хуҷандӣ роҳи автомобилгарди Ғафуров-Хуҷанд, кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров, Гагарин, Куруши Кабир, Бобоҷон Ғафуров ва Ҳувайдуллоеви  шаҳри Бӯстон (Чкаловкси пешин ) маҳдуд карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар ин сафари Сарвари давлат ба истифода додани даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ,  кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, сехҳои дӯзандагӣ пешбинӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *