Баҳром Ғафурӣ: Аз сурудҳои ғоратшуда то узрхоҳии Ҷонибек Муродов

Суҳбати ихтисосии хабарнигори Tojikistontimes.tj бо Баҳром Ғафурӣ

— Баҳромро ман, умуман зиёде аз журналистон шуморо чун беҳтарин мусоҳиб ва марди хеле оромтабиат мешиносем. Шахсан барои худи ман мусоҳиб шудан бо шумо ҷуз  фараҳмандию хотироти нек бо худ гирифтан аз ин мусоҳӣбаҳои чизи манфие нест. Шумо дар асл марди хубу мулоимтабиат, одди карда гӯем “идеалӣ” ҳанҳо ба мо худро чунин нишон медиҳед, ки журналистон шуморо уст доранд?

-Ташаккури зиёд, ки лутф намуда, маро марди идеалӣ гуфтед.  Ростӣ ман таъриф кардан намехоҳам, аммо дар асл хеле оромтабиату сабур ҳастам. Бештар аз ҳама ҷангу ҷанҷолро бад мебинам. Мард бояд вазнин бошад. Ботамкину сабур ва оромтабиат бошад. Марди ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ “ҷангара” намешавад. Боз вақте ки ӯ машҳур аст. Рисолати одами машҳӯр сабур будан аст. Зеро вақте туро дӯст медоранду эҳтиром мекунанд, ин далолат бар он мекунад. ки ту аз баргукзидатаринҳоӣ. Чун на ҳар кас метавонад, ки дар назари мардумо беҳину баргузида бошад.

— Шумо воқеан ҳам хеле инсони хоксор ҳастед…

— На, дар асл ман он қадар хоксор ҳам нестам, ки шумо мепиндоред. Чун дар шароити кунунӣ ки замони мубориза аст, наметавон аз ҳад зиёд хоксор буд.  Ҳастанд лаҳзаҳое, ки ман зиёд асабӣ мешавам. Шояд ягон сухани пасту баланд ҳам гӯям. Хайрият ки шумо он лаҳзаҳоро надидаед. Умуман зиндагӣ бе мушкилӣ нест, аммо то ҳадди имкон кӯшиш мекунам, ки сабуриро аз даст надиҳам.

Агар ман асабӣ ҳам шувам, ба шумо нишон намедиҳам (механдад).   Чунки ман хуб медонам .ки дар куҷо чӣ тавр рафтор намоям. Аммо бо ҷангу ситеза кор анҷом намеёбад. Бояд бо асаби ором ва табъи болида роҳи осони ҳалли мушкилиро ҷуст.

-Агар мухлисонатон шуморо чун сарояндаи хуб шиносанд, мо журнлалистон ва сарояндаҳо шуморо чун оҳангсози хеле хуб мешиносем. Аммо имрӯз дар байни омма шуморо мардум чун сарояндаи “ ғоратшуда” мешиносанд…

— Эҳ ба қавле ту напурсу ман нагӯям. Аввалин оҳанги маро ки трио бо Муҳрубону Садриддин бо номи “ Аз манӣ” буд, ки сарояндаи   доғистонитабор Элдар Долгатов дар навои он суруди машҳураш « Нет рая без тебя»-ро  сароида буд. Он замон ҳама гумон мекарданд, ки Баҳром ин оҳангро дуздидаааст. Аммо ман ба бадгумонҳо гуфтам, ки не, ин оҳанг моли ман аст на аз ӯ. Хулоса барои исботи ҳақ буданам, аз як журналиси шиносам хоҳиш намудам, ки аз Элдар Долгатов бобати оҳанги ман ки ӯ “Нет рая без тебя” карда буд, пурсон шавад.   Вақте, ки аз Элдар пурсиданд, ки муаллифи ин оҳанг кист? Ӯ воқеан ҳам иқрор шуд, ки ин оҳангро аз сомонаи иҷтимоӣ гӯш карда, болояш шеър навиштааст. Он вақт ба ӯ гуфтанд, ки ин оҳанг моли Баҳром аст.

Баъдан сар шуд, «ғорат» кардани оҳангҳои ман, аммо ин дафъа якҷо бо сурудаш.

 Моҳи июни соли 2014 Валӣ Ҳиҷозӣ яку якбора ду суруди ман: “Дар ин замона” ва “Духтари ҳамсоя”-ро дуздид, аммо дар ягон нагуфт, ки ин сурудҳо моли мананд. Ҳол онки онҳоро ман бо хуни ҷигар навишта будам. Беҳруз Зеваров продюсери онвақтаи ман гуфта буд, ки аз болои Валӣ ба  “VSP Group”, созмони байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф шикоят мебарад. Пас аз ин чӣ иттифоқ афтод ва шикояти “Топ – медиа” ба куҷо расид, маълум нест.

Ораши Бориз, яке аз муддаиёни унвони “Ситораи афғон” дар соли 2014 низ оҳанги “Умри ман” – ро бо матни дигар суруд, ки ба ӯ шуҳрати беандоза овард. Ӯ низ ҷое зикр накард, ки ин оҳанги кист. Банда  низ аз ин густохии овозхони маъруф ҷой шикоят накард. Медонед, ман аслан зидди онҳое нестам, ки оҳангҳои маро  бозхонӣ карда, ному нон меёбанд, аммо инро аз рӯи одоби як санъаткор намедонам, ки на фақат тарона, балки муаллифи онро низ “дузданд”.

Имсол бошад, Фавод Улфат ва Тараннум Саид, овозхонони Афғонистон таронаи “Ту магӯ” – ро бозхонӣ карда, муаллифи аслии матну оҳанги онро як нафари ҷаълӣ зикр кардаанд. Ин бори охирон аст, ки аз болои ягон сароянда барои дуздияш шикоят намекунам. Ман аз гуноҳи  Фавод Улфат ва Тараннум Саид, овозхонони Афғонистон, ки таронаи “Ту магӯ” – и ӯро бо номи “Ишқи ман” бозхонӣ кардаанд, ҷое шикоят намебарам, аммо хуб мебуд онҳо дигар ба ин гуна иштибоҳ роҳ надиҳанд.

  • Чандест, ки бобати “пародия” кардани намозхонии Шукмо аз тарафи ҳамкасбатон Ҷонибек мавзӯи №1- и расонаҳои дохилӣ шуда буд. Ба шунидам ҳатто анқариб шумо Ҷонибекро ба додгоҳ мекашидед?

— Бале, чанде пеш дар сомонаҳои иҷтимоӣ навори аз сӯйи Ҷонибек мавриди «масхара» қарор гирифтани намозхонии ман давр мезад, ки рости дар аввал маро хеле асабӣ намуда буд.  Медонед,  агар ин гуфтаҳои ӯ асос медошт. Сар то по дурӯғу тӯҳмат! Ман боре ҳам бо Ҷонибек Муродов дар сафар намоз нахондаам, вай рӯйирост дурӯғ мегӯяд, ки гӯё бо ман намози қаср хонда бошаду ман намозро имоматӣ кардаам ва ҳама бо нишони эътироз ба тарзи намозхонии ман, маро аз сафи пеш канор рондаанд ва намозро аз сари нав шуруъ карда бошанд.

 Шояд ин шӯхӣ бошад, аммо намоз кори шӯхӣ нест ва ман инро таҳқири эътиқодам меҳисобам. Агар дар мавриди чизи дигаре ҳазл мекард, қабул доштам.

 Худатон як андеша кунед, магар кори Ҷонибек дуруст аст? Наход як одами мефаҳмидагии дар оилаи намунавӣ тарбияёфта чунин рафтор кунад? Хайр, майлаш, ту сурудхонии маро масхара кун, о наход намоз ҳам ҷойи писханду мазоҳ дорад?

 Ман гуфтам, ки не ҷӯраҷон ин хел намешавад, вақте ба Душанбе омадӣ, ана ҳамин ҷо омада, ҳамроҳи ман дар сари ноутбук нишаста, чӣ хеле ки маро мазоҳ намудӣ, ҳамон хел бахшиш мепурсӣ. Вагарна ман аз болоят барои таҳқири эътиқодам ба суд муроҷиат мекунам. Баъд ин ки фаромӯш накун, онҳо дӯстон не, балки душманони ту ҳастанд. агар онҳо дӯст мебуданд, хуб медонанд, ки ин кори ту таҳқири шарафи инсон аст ва барои ин суд ҷавобгарӣ муайян намудааст. Онҳо агар дӯстони ту мебуданд, ин кори туро аввалан сабт намекарданд, агар сабт ҳам мекарданд, дар интернет намепартофтанд.

 Хулоса, Ҷонибек узрхоҳӣ намуда, гуфт, ки акои Баҳром ин танҳо шӯхию хандондани ҷӯраҳо буд. Аммо кадоме аз онҳо ин кори маро ба навор гирифта, дар интернет партофтаанд.Аз баски узрхоҳии Ҷонибек самими буд, ман ҳам ӯро бахшидам.

  • Мардуми Амрико нисбати шоҳасари мо — «Шоҳнома» муҳаббати беандоза доранд. Вақте пурсиши сотсиологӣ дар мавриди асарҳои дӯстдошта мешавад, аксари донишҷӯён, ки амрикоию аврупоиянд, бо ифтихор «Шоҳнома» мегӯянд. Саволи ман ба Баҳром роҷеъ ба мавзӯи «Шоҳнома» аст. Оё шумо «Шоҳнома»-ро хондаед ва ягон достони онро медонед? Кадом достони «Шоҳнома»-ро меписандед? Шояд дигар сароянда мебуд, ман ин саволро намедодам, аммо зарур шуморидам, ки ба Баҳром ин саволро диҳам, зеро номи ӯ низ аз «Шоҳнома»-и безавол гирифта шудааст.

— Воқеан ҳам дуруст қайд кардед, ки надонистани «Шоҳнома» барои соҳибони он айб аст. Ин қарзи мост, ки бояд шоҳасарҳои худро, ки ҷаҳониён донистани онҳоро барои худ мояи ифтихор меҳисобанд, донем. Росташро гӯям, «Шоҳнома» аз дӯстдоштатарин ва писандидатарин асарҳои Баҳром аст. Оре, ман аз ҳамаи асарҳо бештар «Шоҳнома»-ро дӯст медорам ва онро ҳанӯз дар даврони мактабхониям мутолиа намуда будам. Ба ман бештар «Достони Рустам ва Сӯҳроб» мақбул аст. Дар бораи номам бошад, мегӯям, ки онро ба ман аммаам гузоштааст. Чун дар оилаи падарам 6 писар буданду як духтар ва вақте ман ба дунё омадам, бародарон ба хулосае омаданд, ки номи нахустин тифлро дар хонадон ҳамин ягонадухтар гузорад ва номгузории мани навзодро ба аммаам ҳавола карданд. Аммаам ба ман номи Баҳромро дод. Дар бораи Баҳром аз «Шоҳнома» ман хондаам ва хуб медонам, ки Баҳроми Гӯр чӣ гуна шоҳ буду чаро ба ӯ лақаби Гӯрро гузоштанд.

 — Ба шунидам аксари матнҳои сурудҳои Баҳромро занаш эҷод мекунад ва ҳатто мегӯянд, ки матни суруди «Умри ман меравад»- ро маҳз занаш ба Баҳром тавсия кардааст?»

— Бале, ин гап дуруст аст. Зеро ҳамсарам қариб ки ҳама вақт ба ман дар интихоби матн кӯмак мекунад. Аксари матнҳои сурудҳоямро ӯ интихоб мекунад. Дар бораи суруди «Умри ман меравад» бошад, мегӯям, ки вақте дар тӯйи арӯсӣ қарор доштам, ҳамсарам дар як китоб ин матнро мебинаду онро ба ман тавассути СМС равон мекунад.

Ин матн то андозае ба ман писанд омад, ки ман тӯйро партофта, рост ба хона омадам ва ҳамон рӯз ба ин матни зебо оҳанг бастам. Имрӯзҳо бошад, ин суруд пешсафи чандин сомона ва телевизионҳои хориҷӣ гардидааст. Шояд агар он замон ҳамсарам ин сурудро ба ман намефиристод, ман ба ин дастовард ноил намешудам.

-Пас метавон бо итминони комил гуфт, ки Баҳром  марди хушбахт аст?

— Магар хушбахтӣ аз ин зиёд мешавад? Оилаи тифоқ, фарзандони дустрӯ ва ҳамсари меҳрубон дорам. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки миёни мо боварию ҳамдигарфаҳмӣ, ки асоси хушбахтист, ҳукмфармост.

Суҳбаторо: Фарангиси Фармон

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.