Бадгӯйӣ ба Артиши Русия — сабаби маҳрумӣ аз шаҳрвандӣ

Хабаргузории давлатии ТАСС навишт, ки бино ба ислоҳҳои нав, сокинонро барои бадгӯйӣ дар ҳаққи артиши Русия аз шаҳрвандии он кишвар маҳрум хоҳанд кард.

Ба гузориши ТАСС, Василий Пискарев, раиси як комиссияи Думаи давлатӣ гуфтааст, ки «тағйирот ба лоиҳаи қонуни президентӣ дар бораи шаҳрвандӣ пешниҳод шуд».

«Тибқи он, шахс метавонад барои даъват ба вайрон кардани тамомияти арзии кишвар ва кор бо созмонҳои ғайриҳукуматии номатлуб низ аз шаҳрвандии Федератсияи Русия маҳрум карда шавад»,- афзудааст ӯ.

Мақомоти Русия сабаби тасмимро нагуфтанд, аммо онро пас аз ҷалби неруҳои иловагӣ ба артиш ва шикоят аз набудани ҷою ғизову силоҳи хубу кофӣ пазируфтаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.