Бахилӣ накунед! Нуктаҳои муҳим аз Паёми Президент

Ба кор оғоз намудани чархаи сеюми НБО-и “Роғун, вазъи илму маориф, саҳми соҳибкорон дар рушди кишвар, афзоиши маошу нафақа, идрорпулӣ ва нигаронӣ аз хурофотзадагиву сарулибоси бегонаи занон аз нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар буданд. Ҳамчунин, Сарвари давлат рушди иқтисодиву иҷтимоии соли 2025-ро натиҷагирӣ, барои соли 2026 нақшаро муайян карда ва ба вазорату идораҳо дастуру супоришҳо дод.

Соли 2027 маҳдудияти барқ фаромӯш мешавад!

Сабаби пеш омадани мушкили маҳдудияти барқ – ин афзоиши аҳолӣ ва зиёдшавии корхонаҳои саноатӣ, дар маҷмуъ афзудани истифодаи нерӯи барқ, камборишӣ ва кам гардидани воридшавии об ба НБО-и “Норак” буда, мушкили асосӣ талафоти аз ҳад зиёди нерӯи барқ аст.

***

Моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба истифода дода мешавад. Баъди ин кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.

***

Моро дуруст фаҳмед. Мову шумо аз ҳама рӯзҳои сахту сангин дар солҳои навадро гузаронидем. Як зимистони дигар дар пеш аст, зимистони соли 2026 сабуктар мешавад. Мо иқтидорҳои нав ба истифода медиҳем ва соли 2027 маҳдудияти барқро фаромӯш мекунем.

***

Насби ҳисобкунакҳои биллингӣ мушкили талафоти барқро аз байн хоҳад бурд.

Мо худамон месозем!

Рушди ҳама соҳаҳои кишвар ба рушди маориф вобаста аст ва маблағгузорӣ ба маорифро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам.

***

Дар 25 соли оянда шумораи хонандагон ба 4 млн мерасад. Бо ин мақсад, Ҳукумати мамлакат вазифадор мешавад, ки Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нав дар ин самт гузошташуда такмил диҳад.

***

Дар соли 2026 барои соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд аст.

***

Дар як деҳа, ки талабаҳои мактабаш дар се баст таҳсил мекарданд, масъулин сохтмони муассисаи навро ба далели дурӣ 80 млн сомонӣ ҳисоб карданд. Вақте сокинон ин нархро шуниданд, гуфтанд, мо худамон месозем ва сохтанд. Барои чунин бунёдкорӣ ба сокинон сипос мегӯям.

***

Вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа хурофотпараст мешавад. Бо камоли масъулият дар тарбияи фарзандонамон саҳмгузор бошем.

Бо хурофот давлат тараққӣ намекунад!

Аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, ки тайи се соли охир дар кишвар бунёду таҷдид шуданд, 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ анҷом шудааст. Ҳамчунин, 70% ё 26 ҳазор иншооту бино, ки бахшида ба 35-солагии Иқтиқлоли давлатӣ бунёд мегардад, аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва шаҳрвандон аст.

***

Соҳибкорон ҳамин қадар мактабу роҳу муассисаҳои иҷтимоӣ месозанд, худашонро реклама намекунанд.

Пойтахти мамлакат симои миллат аст!

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро додам, ки хонед. Барои хондан додам, на барои токчамонӣ. Китобҳои “Шоҳнома”, “Қуръон”-ро тақсим кардем, ки хонеду маъниашро фаҳмед. Зиёдаравӣ накунед.

***

Бо хурофот давлат тараққӣ намекунад. Давлатҳои пешрафтаро бинед. Мо дар куҷо қарор дорем. 90 фоизи бозори мо аз хориҷа аст. Мо дар осиёби дигарон об рехта истодаем. Боигарии мо берун рафта истодааст.

***

Мусулмонии моро касе намегирад ва вақти илм омӯхтан, касб омӯхтан, баланд бардоштани маърифати миллии тоҷик омадааст.

***

Мо медидем, ки падару модаронамон чӣ гуна либос пӯшида, ба хонаи ҳамсоя ва чорабинии онҳо мерафтанд. Мо медидем, ки чӣ гуна барои хабаргии хешовандон ба шаҳру ноҳияҳои дигар ба меҳмонӣ мерафтанд. Чӣ гуна сару баданро тозаю озода карда, либосҳои тоза ва нав мепӯшиданд.

Наврӯз ҷанбаи динӣ надорад

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо пиндори нек, гуфтори нек, кирдори некро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд. 6 ҳазор сол пеш. Ақли кӣ мегирад инро?

***

Бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннат ва истифодаи он, дар шаҳри Душанбе “Маркази байналмилалии Наврӯз” бунёд карда шавад.

Наврӯз ягон ҷанбаи динӣ надорад. На зардушт, на ислом, на дини дигар. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор, онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва ба наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи ҳувиятсоз ба мерос гузорем.

1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ

Соли 2026 сохтмону азнавсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.

***

Масъулони вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ вазифадоранд дар панҷ соли оянда 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода, нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро баланд бардоранд.

***

Дар ин раванд ба масъалаи бо кор таъмин кардани хатмкунандагони марказҳои таълимӣ, муссисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус, дар навбати аввал занон, маъюбон ва дигар қишрҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд эътибори хоса дода шавад.

***

Тибқи нақша то 35-солагии ҷашни Истиқлол бояд 29 ҳазор корхонаву иншоот сохта шавад, ки то кунун 26 ҳазори он пурра сохта ва ба истифода дода шудааст. Беш аз 70 дарсади 26 ҳазор корхонаву иншоотро сокинону соҳибкорон бунёд кардаанд.

Афзоиши даромаду маош

Даромади аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир 6 баробар афзудааст.

Дар соли 2015 даромади аҳолӣ 26 миллиард сомонӣ буд ва соли 2025 ин нишондиҳанда ба 165 миллиард сомонӣ расид.

***

Дар 10 соли гузашта иқтисоди Тоҷикистон 7,6% афзоиш ёфта, дар ин муддат беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ба кишвар ворид гардид.

***

Соли 2025 сатҳи камбизоатӣ то 19% коҳиш ёфтааст. Соли гузашта ин рақам 21,2% буд.

***

Ҳаҷми буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2025 ба 50 млрд сомонӣ расид. Нисбат ба соли 2021-ум 65 дарсад бештар аст.

***

Ҳадди ақали музди меҳнат соли оянда дар Тоҷикистон ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шавад.

***

Аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаҳои маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, идоракунии давлатӣ ва муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.

***

Нафақа аз 1-уми сентябри соли 2026 на кам аз 15% индексатсия, яъне зиёд шавад.

***

Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки барномаи рушди маъмурикунонии андозро барои солҳои 2026-2030 таҳия ва қабул кунад. Инчунин, барои баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ чораҳои иловагӣ андешида шавад.

Мусалмониро аз мо касе намегирад

Масоҷид дар Тоҷикистон зиёданд. Мусалмониро аз мо касе намегирад ва бояд таваҷҷуҳ ба омӯзиши илм намуд.

***

Моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.

***

Суръати интернет дар Тоҷикистон бояд баланд бардошта шавад.

***

Соли 2026-ум Соли бунёдкорӣ ва тақвияти худогоҳии миллӣ эълон карда шавад.

***

Ҳурмати падару модар, хусуру хушдоман ва тарбияи хуби фарзандон худ ҳаҷ ва кори савоб аст!

***

Ҳар тоҷике, ки аз ин Ватану сарзамин менолад, ӯ мусалмон нест, ӯ кӯр аст.

***

Ба насли ҷавон бахилӣ накунем, онҳоро тарбия кунем, гулчин кунем. Дар кадом сатҳе набошад – маҳал, ҷамоат, деҳа…

***

Вақте ки мо сарҷамъ ҳастем, муттаҳид ҳастем, бузургии мо аз ракетаҳои ҳастаӣ пурқувваттар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *