Бахтовар Усмонов-табиби тоҷик дар Олмон

Барои як фарзандро ба ҳайси инсони комил тарбия намудан падару модар заҳмати зиёд мекашанд. Ба ҳар падару модаре, ки хушбахтиро дар чӣ мебинед?” гӯён савол медиҳанд, аксарият дидани бахту муваффақияти фарзандон мегӯянд. Ин аст, ки дастоварди ҷавонони муваффақро дида, кас аз он шукрона мекунад, ки ҷомеаи мо дар тарбияи фарзанд мавқеи устувор доранд.

Вақте дастовардҳои Бахтовар Усмоновро мебинем, мо аз доштани чунин ҷавонони муваффақ ифтихор мекунем. Бахтовар ҷавонест, ки новобаста аз синну сол таҷрибаи хуби корӣ омӯхтааст. Забондону соҳибкасб аст.

Усмонов Бахтовар Яҳёевич 12-уми августи соли 1995 дар шаҳраки Ғончӣ, ноҳияи Деваштич таваллуд шудааст. Хатмкардаи мактаби махсуси рақами 5-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Соли 2013 ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2019 онро бомуваффақият хатм кардааст. Худи ҳамон сол дар Беморхонаи клиникии дили шаҳри Душанбе ҳамчун кардиолог ба Интернатура дохил шуда, як сол таҷриба омӯхтааст. Баъди хатми Интернатура ҳамчун ординатор барои такмили ихтисос 2 сол дар ҳамон клиника фаъолияташро давом дод. Моҳи феврали соли 2023 мувофиқи лоиҳаи Ausbildung als Pflegefachkraft ба давлати Олмон меравад. Дар муддати якумин сол барои тасдиқи дипломҳояш имтиҳонҳои давлатиро бомуваффақият супорида, ҳоло ҳамчун кардиолог дар клиникаи Олденбург кору фаъолият мебарад.

Ӯ духтури ҷавону муваффақи дилшинос аст. Лаҳзае вақти худро барҳадар сарф накардан боис шуд, ки ӯ дар баробари мукаммал аз худ намудани забони модарӣ — тоҷикӣ забонҳои олмонӣ, англисӣ, русиро хеле хуб азбар намуд. Ин аст, ки дар баробари ихтисоси духтурӣ забонҳоро донистанаш ба духтури барӯманди яке аз клиникаҳои Аврупо шуданаш сабабгор гашт. Соли 2022 гурӯҳи духтурон аз Швейтсария ба Тоҷикистон меоянд. Дар ноҳияи Қубодиён ду ҳафта бо онҳо ба ҳайси тарҷумони соҳибихтисос кор карда, таҷрибаи зиёдро ба даст овард. Дар байни онҳо ҷарроҳон, анестизиологҳо ва ҳамшираҳои ҷарроҳи бомаҳорат буданд, ки ҳатто як рӯз бо онҳо будан як китобро омӯхтанро мемонд. Бахтовар аз он изҳори мамнуният мекунад, ки маҳз забон донистанаш сабаби бо онҳо ҳамкорӣ карданаш гардида буд. Ин гурӯҳи корӣ боз ду маротибаи дигар ба Тоҷикистон омада, боз айнан Бахтовар Усмоновро барои ҳамкорӣ даъват карданд ва ӯ аз ин сафарҳои корӣ низ таҷрибаҳои зиёдро ба худ гирифт.

Бо даъвати онҳо чанд маротиба ба Швейтсария рафта, бо тарзу усули корбарии онҳо шинос шудааст. Аз ин ҷост, ки новобаста аз ҷавонии худ Бахтовар ҷаҳонбинии васеъ ва таҷрибаи хуби кориро дорост. Бахтовар таъкид менамояд, ки дар баробари омӯхтани ягон касб агар ҷавонони имрӯза забон омӯзанд, имкониятҳояшон барои муваффақият бештар мегардад. Ҳамчунин, ӯ қайд мекунад, ки барои духтур доштани шароити мукаммали корӣ муҳим мебошад, ки ин шароитҳоро дар Олмон ва Швейтсария гувоҳ гаштааст. Як суханашро хостам айнан ба шумо расонам: “Чӣ қадаре, ки дар Олмон ва Швейтсария шароити корӣ хуб бошад ҳам, аммо одам Ватанро пазмон мешудааст. Маро ҳамеша меҳри Ватан ба сӯи худ мекашад. Ният дорам, ки таҷрибаҳои омӯхтаамро барои табобати беморони тоҷикистонӣ сарф кунам. Барои солимии ҷомеаи Тоҷикистони азизам саҳм гузорам”.

Озода НАБИЕВА,

сармуҳаррири рӯзномаи “Набзи Деваштич”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *