Барои фарзандонамон ва ояндаи ором: Чаро зидди ифротгароии хушунатомез ҳастам?
Ман як омӯзгори ҷавон ҳастам ва дар деҳот зиндагӣ мекунам. Кӯдакиам ба солҳои пас аз ҷанги дохилӣ рост омад, солҳое, ки мардум ранҷу азоби зиёд диданд. Бисёре аз ҷавонон дар деҳаи мо дар пайи ифротгароӣ ва терроризм равона шуда, кушта шуданд ё ба зиндон афтоданд. Баъзеашон то ҳол бедараканд.
Имрӯз, ки чаҳор фарзанд дорам, аз шодии онҳо нерӯ мегирам ва ин зиндагии орому осоишта барои ман муқаддас аст. Маҳз ҳамин осоиштагӣ маро водор мекунад, ки зидди ҳар навъ ифротгароии хушунатомез бошам.
Ман ҳамеша байни ҷавонон ҳастам ва мебинам, ки баъзан, бе дониши кофӣ, ба паёмҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гӯш медиҳанд. Ин нигаронкунанда аст, зеро ҷавонони ноогоҳ метавонанд осон фирефта шаванд.
Ифротгароӣ ва терроризм танҳо масъалаҳои сиёсӣ нестанд онҳо ба шуури инсон, ба виҷдон ва арзишҳои ахлоқӣ зарба мезананд. Ифротгаро шахсест, ки ҷаҳонро танҳо тавассути зӯроварӣ мебинад, муколама ва таҳаммулро рад мекунад. Террорист бошад, ин тафаккурро ба амал табдил дода, ҷони бегуноҳонро мегирад.
Мо бояд донем, ки ҳеҷ як дин, аз ҷумла ислом, хушунатро таблиғ намекунад. Баръакс, ислом дини раҳмат, бахшоиш ва сулҳ аст. Аммо гурӯҳҳои ифротӣ ояту ҳадисҳоро таҳриф мекунанд ва ҷавонони камогоҳро гумроҳ месозанд.
Барои мубориза бо ин хатарҳо танҳо қонун кофӣ нест. Ҷомеа бояд саросар мактаби маърифат гардад ҷое, ки таҳаммул, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию эҳтиром парвариш ёбанд.
Ифротгароӣ ва терроризм на танҳо амниятро, балки рӯҳу маънавияти миллатро зери хатар мегузоранд. Мо бояд биное бунёд кунем биное аз маърифат, инсондӯстӣ ва ваҳдати виҷдон ва ақл. Танҳо бо чунин иттиҳод метавонем торикиро паси сар карда, ба ояндаи равшан қадам гузорем.
Самариддин Маҳмадуллоев, омӯзгор, ноҳияи Нуробод
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ