Барои ҷоизаи Зебуннисо Рустамова

Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи камонварӣ барои ба даст овардани  ҷоизаи чемпиони мутлақи Бозиҳои олимпӣ Зебуннисо Рустамова баргузор шуд.

Дар мусобиқа варзишгарон аз Душанбе ва вилояти Суғд ширкат карданд. Дар он зиёда аз 50 варзишгар дар камонварӣ дар масофаҳои гуногун қувва санҷиданд. Дар масофаи 12-ум Нилуфар Зулфонова (Душанбе) якум, Азиза Кантаева (Душанбе) дуюм ва Муслима Абдуллоева (вилояти Суғд) сеюм шуданд. Дар байни писарон  ҷойи якумро Мустафо Мирзохоҷаев (Душанбе), дуюмро Муҳаммадҷон Холматов (Суғд) ва сеюмро Дилшод Сотиболдиев (Суғд) гирифтанд.

Дар масофаи 18 м Нилуфар Ҳоҷиматова (Душанбе) ғолиб омад.  Ҷойи дуюмро Меҳринисо Ҳошимова (Суғд) ва сеюмро Меҳрангез Султонова (Суғд) аз худ карданд.

Дар масофаи 50+30 м Умеда  Ҷӯраева (Суғд) ғолиб омад. Карина Олейникова (Душанбе) дуюм ва Амина Азизова (Душанбе) сеюм шуданд.

Дар масофаи 60 м касе ба Шукрона Имомдодова аз Душанбе баробар нашуд.  Ҷойи дуюмро низ намояндаи Душанбе Малика Ғанива соҳиб гардид.

Дар идомаи мусобиқа ба тарзи олимпӣ (давравӣ, ки бохтаҳо аз идомаи мубориза маҳрум мешаванд) баргузор шуд, ки дар ин намуд Имомалӣ Шамсиев аз Суғд якум шуд. Манучеҳр Андиекулов (Душанбе) дуюм ва Даниил Садов (Суғд) сеюм шуданд. Дар ин намуд дар байни духтарон Шукрона Имомдодова аз Душанбе беҳтарин, Малика Ғаниева (Душанбе), Умеда  Ҷӯраева (Суғд) дуюму сеюм шуданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *