Меҳрубон Сангинов барои унвони чемпиони WBC мубориза мебарад

Набарди 10-раундӣ барои ба даст овардани унвони чемпиони WBC «Youth World Champion» миёни боксчии тоҷик Меҳрубон Сангинов ва америкоӣ Кэмерон Буроуҷс вохӯрии асосии шоми бокси касбӣ эълон шудааст. Ин набард 23-юми сентябр дар шаҳри Монрои иёлати Луизианаи ИМА баргузор мешавад.

Пеш аз ин, 22-юми июл дар иёлати Королинаи Шимолӣ дар шаҳри Шарлотт Меҳрубон Сангинов унвони чемпиониро дар намуди WBB (World boxing board) дар набард бо боксчии касбии америкоӣ Стефан Дерстйен ба даст оварда буд. Ин ғалаба ба ӯ имкон дод, ки аввалин боксчии касбӣ аз Тоҷикистон шавад, ки унвони чемпиони  ҷаҳонро соҳиб шудааст.

Ҳ оло Меҳрубон Сангинов аз Қазоқистонт ба ИМА сафар кардааст ва бино ба иттилои худаш 23-юми сентябр соати 18:00 бо вақти Америка бо Кэмерон Буроуҷс набард хоҳад кард. «Мехоҳам, ки дар ин набард ғолиб оям ва ба рӯйхати 15 нафари беҳ тарини WBC шомил шавам, то барои ба даст овардани камарбандҳ ои асосӣ мубориза бурда тавонам. Ҳамин тавр, метавонам, ки дар қатори Муҳаммад Алӣ, Майк Тайсон, Меннӣ Пакяо ва Флой Майвезер номи худро дар таърихи бокс сабт кунам», — арз кардааст Меҳрубон Сангинов.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *