Барои воридоти аккумулиятор маблағи нобудсози (утилизатсия) ситонида мешавад
Дар Тоҷикистон барои воридоти аккумуляторҳои вазнашон аз 0,5 кг зиёд пардохти нобудсозӣ ё “утилизатсия” ҷорӣ мегардад. Дар ин бора Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни муаррифии тарҳи қонуни мазкур гуфтааст.
Ин тарҳ рӯзи 3-юми декабр аз ҷониби вакилон дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул карда шуд.
Ҳаҷми пардохтҳо вобаста ба вазни аккумулятор чунин муқаррар шудааст:
Аккумуляторҳои аз 0,5 то 10 кг – 37,5 сомонӣ (0,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо).
Аккумуляторҳои аз 10,1 то 30 кг – 75 сомонӣ (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо).
Аккумуляторҳои зиёда аз 30 кг – 2 сомониву 60 дирам барои ҳар як килограм (3,5 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо).
Ба гуфтаи мақомот ҳадаф аз тағйиру иловаҳо “таъмини амнияти экологии ҷумҳурӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон, пешгирии зарари партовҳои хатарноке, ки дар натиҷаи фарсудашавӣ ва истифодаи аккумуляторҳои барқӣ ба вуҷуд меоянд”, аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ