Баррасии ҳамкориҳои иқтисодиву сайёҳӣ дар вохӯрии сафир бо вазир

Дар як вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Меҳмет Эрсой вобаста ба корбариҳо дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Комиссияи муштараки соҳаи сайёҳии Тоҷикистону Туркия ибрози назар шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфта шудааст, ки бо мақсади васеъ муаррифӣ намудани иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шуруъ аз 1-уми январи соли 2022 ҷорӣ гардидани низоми бидуни раводид ворид шудани шаҳрвандони Туркия ба Тоҷикистон сафорат ҷиҳати ташкил ва баргузории Форуми сайёҳии ду кишвар дар яке аз шаҳрҳои Туркия корбарӣ намуда истодааст.

— Инчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг байни ду кишвар чорабиниҳо ва конфронсу нишастҳои дахлдор, аз ҷумла рӯзҳои фарҳангӣ ташкил ва баргузор менамоянд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *