Баррасии омодагӣ ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи Платформаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо ширкати намояндагони 16 вазорату идораҳои кишвар баргузор шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, дар нишаст масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки қарор аст рӯзи 9-уми декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Китобхонаи миллӣ баргузор шавад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аъзои гурӯҳи коршиносон дар бораи корҳои анҷомдодаи худ, таҳияи суханрониҳо ва омода намудани муаррифии аъзои Платформаи миллӣ тибқи рӯзномаи ҷаласаи пешбинишудаи Платформаи миллӣ ҳисобот додаанд.

Ҳамчунин, ширкаткунандагон масъалаҳои арзёбии татбиқи Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳо дар вазорату идораҳо, ки аз ҷониби Дафтари намояндагии СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Тоҷикистон омода шудааст, ворид намудани тағйирот дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2010 №632 “Дар бораи тартиб ва ҳаҷми кумакҳои якдафъаинаи моддӣ ба аҳолии бар асари офатҳои табиии зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баррасӣ намудаанд.

— Ҷаласа таҳти сарварии сардори Сарраёсати Кумита — котиби масъули Платформаи миллӣ полковник Ҷамшед Камолов баргузор шуд,- илова мекунад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *