Русия: Ғарб бояд ба Афғонистон ҳамаҷониба кумак намояд

Муовини намояндаи доимии Русия дар СММ гуфт, Ғарб ки дар бист соли гузашта дар Афғонистон ҳузур дошт аз муҳоҷирати иҷборӣ аз ин кишвар ҷилавгирӣ кунад

Геннадий Кузмин, муовини намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора дар нишасти Шӯрои Амният изҳори назар кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Вай гуфт, вазъи Афғонистон, бахусус муҳоҷирати маҷбурӣ нигаронкунанда аст.

Кузмин гуфт, ки вазъи ногувори иҷтимоиву иқтисодӣ дар Афғонистон хатари муҳоҷирати густардаи ҷамъият аз ин кишварро дорад.

“Мо бовар дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама донорҳои Ғарб, ки тайи 20 соли охир дар Афғонистон буданд ва пеш аз ҳама дар ҳодисаҳои рухдода дар Афғонистон масъуланд, бояд ба мардуми Афғонистон фавран кумак расонанд”, — таъкид кадааст Генадий Кузмин.

Муовини намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Ғарб бояд фавран дар эҳёи Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз муҳоҷират кумак намояд.

Вай бо тавзеҳи сабабҳои муҳоҷират дар ҷаҳон хостори аз байн бурдани дахолати хориҷӣ ба умури дохилии кишварҳои дигар шуд.

Кас дар ҳайрат мемонад, ки  чаро тамоми роҳбарони кишварҳои абарқудрат аз расонидани кумакҳо ба Афғонистон мегӯянду вале амалӣ шавии он ба ду по мелангад? Чунин ба назар мерасад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кадом як муъҷизаеро интизор аст. Аммо он чист касе намедонад. Давлати Толибон низ ягон пешрафте намекунад. Вазъи саломатӣ мардум рӯз ба рӯз коста мегардад. Гуруснагиву нодорӣ доман паҳн мекунад.Оқибаташ ба хайр шаад…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *