«Барселона» бо пирӯзӣ бар «Реал Мадрид» соҳиби Суперҷоми Испания шуд
Дастаи «Барселона» дар финали Суперҷоми Испания тими «Реал Мадрид»-ро мағлуб карда, бори 16-ум ин ҷоизаро ба даст овард.
Бозии финалӣ, ё худ «Эл-Классико» дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда, бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи “Барселона” анҷом ёфт.
Ин соли дуюм аст, ки «Барселона» дар финали Суперҷоми Испания пайиҳам «Реал Мадрид»-ро шикаст медиҳад ва ҷомро соҳиб мешавад.
«Реал Мадрид» бо 13 унвон дуюмин дастаи муваффақ дар таърихи Суперҷоми Испания ба ҳисоб меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ