Озмуни “Кадбонуи беҳтарин” дар Тоҷикистон баргузор мешавад
Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ “Ховар”хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки шанбеи дуюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» доир мегардад.
“Озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст”- гуфтааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» бо мақсади эҳёи бештари таомҳои миллии азбайнрафта ва муаррифии маҳорату ҳунари кадбонугии занону духтарони тоҷик ба роҳ монда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ