Бедарак шудани тоҷирони тоҷик бо пули нақд

Ду нафар аз тоҷирони тоҷикистонӣ бо пули ҳамроҳашон дар Русия бедарак шудаанд. Дар ин бора мақомоти полиси минтақаи Забайкал хабар медиҳад.
Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, шаҳрвандони Тоҷикистон Тошпулод Тошпулодови 56-сола ва Бурҳон Гадоеви 31-сола 30-юми декабр дар роҳ аз Чита ба ноҳияи Красночикойск бедарак шудаанд
Бедаракшудагон бо мошини “Mitsubishi Canter” сафеди, рақами давлатияш Е946НХ75 аз кӯчаи Лаза берун шуда, бедарак шудаанд. Ҳамчунин онҳо бо худ маблағи нақд ва ҳуҷҷат доштаанд.
Полиси Русия ҷараёни ҳодисаро бумболагирӣ карда, аз тафсилоти он хабар хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *