«Парасту 2017» ба хотири 100 солагии Тӯҳфа Фозилова

Фестивал –озмуни театрҳои касбии Ҷумҳурӣ «Парасту 2017» ки аз 18 то 24 апрели соли равон баргузор мегардад ба 100 солагии  Ҳунарпешаи халқии СССР Туҳфа Фозилова ва 20 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ бахшида мешавад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд.

Манбаъ мегӯяд, ки барои иштирок дар «Парасту – 2017» Фестивал-озмун тамоми театрҳои касбии ҷумҳурӣ бо беҳтарин намоишномаҳое, ки тӯли солҳои 2015-2016 рӯи саҳна оварданд даъват мешаванд.

Фестивал-озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ «Прасту – 2016»  бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *