Беодобиро аз… бузургон омӯхтем

Аксаран, вақте сухан аз одобу беодобӣ меравад, носеҳон масали машҳури Луқмони Ҳаким “адабро аз кӣ омӯхтӣ, аз беадаб”ро мисол меоранд. Яъне кореро, ки онҳо карданд, ман накардам… Вале вақте шоҳиди беадабии “бузургон” мешавӣ ва он ҳам дар “хонаи адибон”, чӣ гуфтанатро намедонӣ…

Ба наздикӣ дар толори “Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода” шаби эҷодии нависандаи шинохтае баргузор гардид. Чун анъана, барои “пур кардани толор” донишҷӯёнро аз ДМТ даъват карда буданд. Ҳаводорони нависанда ва ҳамқаламони ӯ, ки аксар шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ буданд, ду-се қатори курсиҳои пешро пур карда буданду халос. Ровии шабнишинӣ пас аз сухани муқаддамотӣ ба ҳамқаламон ва муқарризону мухлисони нависанда бо навбат сухан медод.

Аммо кам касон ба сухани эшон гӯш медоданд ва донишҷӯёни “мухлис” байни ҳам мисли он, ки дар бозори “Корвон” бошанд, бо садои шунаво суҳбат доштанд. Ҳар сари чанд вақт як марди пурсалобате, ки аз ман як курсӣ он тарафтар менишаст (шояд роҳбарашон ва ё муаллими мутасаддӣ буд), онҳоро ба хомӯшӣ даъват мекард. Садои “хонандагони хушзавқ” (ибораи барандаи маҳфил) бошад, як-ду дақиқа пасттар мешуд ва баъдан ба сатҳи аввала бармегашт. Вале бандаро муносибати донишҷӯён не, балки рафтори “бузургон” ба риққат овард.

Пас аз ним соати оғози барнома алакай “бузургон”-и ин шабнишинӣ, ки дар ду-се қатори аввал менишастанд, ба тарки толор сар карданд.  Яке, гӯё кадоме бо кори ниҳоят зарур ба вай телефон карда бошад, “бозичаи асри нав” дар даст саросема берун рафт ва бо ҳамин дигар барнагашт. Бузургвори дигаре, ки ҳамин ҳоло аз минбар навиштаҳои соҳибҷашнро ба арши аъло бароварда буд, тоқат накарда, аз паси бузурги “телефонбоз” сӯи баромадгоҳ роҳ пеш гирифт. Инро дида, чанд донишҷӯ низ тарки толор кардан гирифтанд ва гӯё бо ҳамин ба “устодон” гуфтан мехостанд, ки “сагро ба зӯр ба шикор бурда намешавад”. Баъдан раванди тарки толор мисли он шуд, ки гӯё маслиҳат карда бошанд: баъд аз тарки ҳар бузург, аз панҷ то ҳафт “бузурги оянда” тарки толор мекардагӣ шуданд…

Хулоса, то охири ин нишаст алакай аз нисф зиёди толор холӣ шуда буду дар се қатори аввал ду ё се нафар монда буданду халос…

Дуруст аст, ки бояд адибони оянда, шоиру нависандагони оянда ва омӯзгору ҳуқуқшиноси ояндаро дар қатори волидону мактаб ва донишгоҳҳо, инчунин ҷомеа ҳам тарбия кунад. Агар ҷомеа худ соҳиби насли калонсоли “боодоб” ва хуштарбия бошад, чунин вазифаи муҳимро ба дӯши он гузоштан мумкин аст. Вагарна, “ояндадорҳо” он чизеро, ки мо дорем (аз ҷумлаи фарҳанги нишаст дар маҳфилҳо ва иззату эҳтироми ҳамдигар), мегиранду ба болои он чанд “навоварӣ” зам мекунанд ва ин мешавад “одоби ояндасоз”…

Чаро чунин аст ва оё мо наметавонем, ки мисли мардуму миллатҳои дигар фарҳанги шабнишинӣ ва эҳтироми ҳамдигарро риоя кунем? Албатта метавонем, вале барои ин чанд шартро иҷро карданамон зарур аст, ки аввалини он эҳтироми онҳоест, ки чунин ҷашнвора ва ё нишастро ташкил кардаанд. Бояд ба маҳфил танҳо ҳамонҳоеро даъват кард, ки ширкати эшон дар он на сабаби эҷоди мушкил шавад, балки барояшон хушоянд ва зарурию муфид бошад ва дар ҳолати нарасидани “мухлисон” чунин нишастҳоро дар толорҳои хурд  ташкил намудан лозим аст. Шарти дигараш он аст, ки шахсиятҳои шинохта ва шоиру нависандагонро на барои он бояд даъват кард, ки сухани худро гӯянду зуд тарки толор намоянд, зеро ин кор на танҳо беҳурматӣ нисбат ба аҳли нишаст, балки ба худи ҳамон нафаре низ ҳаст, ки ӯро ба ин ҷашнвора ва шаби адабӣ даъват намудааст ва аз ин рӯ вай бояд то охир тоқат кунад.

… Ростӣ, ба нафаре, ки он рӯз ҷашн дошт, дилам сӯхт. Зеро ӯ бо он эҷодиёте, ки дорад ва хизматҳое, ки кардааст, лоиқи чандин нишаст дар толорҳои бузург низ ҳаст, аммо чӣ кунем, ки мо имрӯз кам китоб мехонем ё ҳама ғарқи “Фейсбук”-у “Инстаграм” ҳастем. Онҳое, ки барои интернет “пир шудаанд”, киноафсонаҳои туркӣ тамошо мекунанду бехабар аз онанд, ки нависандагони худӣ чанд сару гардан аз онҳо баландтаранд ва беҳтару хубтар ҳам менависанд. Аммо барои дарки ин нукта, бояд то охири маҳфил нишаст…

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

мухлиси адабиёт

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *