Бибихонум Дарвешзода: Коронавирус беморӣ аст, на манбаи даромад

Дуруд падарон, модарон, бародарон ва хоҳарони арҷманд! Имрӯзҳо мардуми Тоҷикистон дар баробари дигар миллату халқҳои олам аз вазъи ногувори баамаломада — пандемияи сирояти коронавирус дар изтиробанд.

Албатта, табиист, ки мо ҷузъе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем ва ин изтиробу нигарониҳои мо беҳуда нестанд, аммо, мутаассифона, баъзе шахсон ва гурӯҳҳои махсус аз ин ҳолати ба вуқӯъомада истифода намуда, манфиатҳои худро роҳандозӣ менамоянд.

Коронавирус беморӣ аст, муқобили он бо саъю талош, яъне бо риояи чораҳои пешгирӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, парҳез аз ҷойҳои серодам, баланд бардоштани масунияти бадан бояд мубориза бурд. Пешгирии ин беморӣ аз талошу кӯшиши ҳар шаҳрванди мамлакат ва он нафаре, ки вориди кишвари мо мегардад, вобаста аст.

Имрӯз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғи гигиенаи шахсӣ, умуман, таблиғи чораҳои пешгирӣ нисбати сирояти коронавирус танҳо кори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зерсохторҳои он ва Маркази матбуоти вазорат набуда, балки ҳама, новобаста аз ташкилоту муассиса, вазифа ва касб дастҷамъона, муттаҳидона ва бо сабру таҳаммул ва муҳимтар аз ҳама, бо риояи чораҳои пешгирии ин беморӣ саҳми назарраси худро бояд гузорем!

Мо бояд бештар аз ҳарвақта муттаҳид бошем, мардумро ба оромӣ, сабурӣ ва таҳаммул даъват намоем, то ки ба эҳсос, ҳарос ва воҳимаву таҳлука гирифтор нагарданд! Набояд ҳангомаҳо сохта, мардуми дар изтироб мондаро роҳгум занонида, ҳадафу манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳии худро амалӣ намуд!

Ҳоло дар ҷаҳон гӯё “ҷанг” меравад ва ин “ҷанг” беморӣ аст! Дар ҷанг мубориза мебаранд ва муборизаи мо озодагӣ, покизагӣ, парҳез ва ҳифзи саломатии худу дигарон аст!

Айни замон бузургтарин ҷанге, ки дар олам ҳукм меронад, ин “ҷанги иттилоотӣ” мебошад. Иттилоот дар замони имрӯз бузургтарин аслиҳа ба шумор рафта, ба воситаи он метавон мардумро ҳам пароканда ва ҳам муттаҳид сохт.

Падарон, модарон, бародарон, хоҳарон ва фарзандони азиз! Имрӯз дар назди ҳар яки шумо масъулияти азим меистад, масъулияти ҳифзи саломатии худ ва атрофиён. Шумо сатҳи маълумотнокии худро оид ба пешгирии сирояти коронавирус баланд бардоред, ки ин ҳам бори дигар таъкид менамоям, одиву сода аст, танҳо риояи гигиенаи шахсӣ, баланд бардоштани масунияти бадан, канор гирифтан аз ҷойҳои серодам ба хотири солиму бардам нигоҳ доштани худ ва дигарон.

Қоидаҳои беҳдоштиро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути маводи иттилоотӣ, варақаҳо ва роликҳои гуногун дар ҳама ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои гуногуни кишвар паҳн ва таблиғ карда истодаанд. Аз тарафи шабакаҳои телевизион ва радио, матбуот ва сомонаҳои интернетӣ низ ин қоидаҳои беҳдоштӣ тавассути роликҳо ва мусоҳибаҳои мутахассисон баён карда мешаванд. Ба ҷуз аз ин, ба шумо бо кадом забон осонфаҳму дастрас аст, метавонед қоидаҳои беҳдоштиро аз тамоми телевизионҳои давлатҳои дигар низ дастрас намоед, зеро қоидаҳои беҳдоштӣ барои инсон дар тамоми давлат як аст ва дар ҳама кишварҳо имрӯз маҳз ҳамин қоидаҳо ҳамчун шарти асосии пешгирии сирояти коронавирус таблиғ карда мешаванд.

Бибихонум Дарвешзода, директори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *