Тимур Зулфиқоров, нависанда:

-Вақте тоҷике ба деҳаи руснишин меояд, ҳатто тахтае дуздида намешавад, тоҷик ба ҳама кумак мекунад. Дар деҳаи рус пиразани рус вақте тоҷике меояд, мегӯяд, «худӣ» омад.»

-Агар  пулиси рус ҳам мегуфт, ки “худӣ омад”, нуран ало нур мешуд…

Файзи Олӣ, ҳуқуқшинос:

-Боз ҳам шахсони доро аз имконияти хизмат накардан бархӯрдор мешаванд. Мавридҳои коррупсия бештар ва сатҳи касбияти сарбозон бадтар хоҳад шуд.

Қаблан ҳам чунин буд, аммо пул ба кассаи давлат нею ба киса мерафт…

Муҳаммад Заҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон:

-Амруллоҳ Солеҳ ба таври қонунӣ раиси ҷумҳури Афғонистон  аст. Бар асоси Қонуни асосӣ, дар сурати набудани президент, фирор ё маргаш, ӯ иҷрокунанда ё сарпарасти курсии раиси ҷумҳурии Афғонистон мебошад. 

-Дуруст ,аммо фикр намекунед, ки Ашраф Ғанӣ  бо 169 миллион доллар Қонуни асосиро ҳам бо худ бурд?

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.