Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Азим ИБРОҲИМ, вазири нақлиёти Тоҷикистон
— Теъдоди ҳамин гуна таксиҳо (таксиҳои 7-сомонӣ) 23 фоиз коҳиш ёфт. Марҳила ба марҳила ин масъаларо мо ҳал мекунем. Лекин монед, ки ҳамонҳо ҳам зиндагияшонро пеш баранд, 5-6 хӯранда доранд.

— Ҷаноби вазир, чунон “дипломатӣ” гап мезанед, ки сарфаҳм нарафтем, ҷонибдори коҳиш додани таксиҳо ҳастед ё зид? Ё мавқеи бетарафӣ доред?

Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон

— Суннатҳои миллие мисли гаҳворабандон, мӯйсаргирон, рӯйбинон ва даҳҳои дигар суннатҳои миллие мебошанд, ки бо ҳадафҳои неку мақсадҳои наҷиб амалӣ мегарданд.

— Шумо мабодо мухолифи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» набошед!? Ё аз ин қонун ҳоло ҳам хабар надоред?

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, вазири тандурустии Тоҷикистон

— Кишварҳои ҳамсоя барои ҷалби мутахассисони соҳаи тиббӣ барномаҳои махсус ва имтиёзҳо таҳия кардаанд. Аз ин рӯ, табибон барои ба даст овардани имтиёзҳо ба ин кишварҳо мераванд.

— Боке надорад, бигузор раванд. Таҷриба гирифта меоянду барномаҳои махсус таҳия мекунем ва табибони дигар давлатҳоро ба кишварамон ҷалб месозем.  

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.