Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Нуриддин ҚАЮМОВ, академик, олими соҳаи иқтисод

— Чуноне ки гузаштагони куҳан гуфтаанд, он чӣ мо тавонистем, кардем. Он чӣ накардем, бигзор дигарон оянду беҳтару хубтар анҷом диҳанд.

— Гузаштагони куҳан боз гуфтаанд, ки “кори имрӯзаро ба фардо нагузоред”. Шумо доно, аз афташ корҳои вазнинро анҷом надодаву ба ояндаҳо ҳавола кардед.

Лайло РАҶАБОВА, мудири маорифи шаҳри Турсунзода

— Бо вуҷуди давра ба давра баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ҳоло низ рушди соҳаи маориф на дар он сатҳе қарор дорад, ки Ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

— Бисёриҳо ҳамин гапро мегӯянд, муаллимаи азиз. Аммо шумо дар мавриди ҳамон “давра ба давра баланд бардоштани сатҳу сифати таълим” ягон омор доред?

Рауф МАҶИДИЁН, ҷавони тоҷики муқими Ню-Йорк

— Шаҳрванди хориҷие, ки тоза ба ИМА омадааст, беҳтараш дар ҳамон соҳае, ки пештар кор мекард, фаъолият намояд. Ин барои муайян кардани даромади доимӣ осон мешавад.

— Агар он нафар аз ҳамон соҳаи пештар кор мекардааш гурезон шудаву ба ИМА рафта бошад чӣ? Дар ин сурат ӯ бояд чӣ кор кунад?

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.