Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Нуриддин ҚАЮМОВ, академик, олими соҳаи иқтисод
– Чуноне ки гузаштагони куҳан гуфтаанд, он чӣ мо тавонистем, кардем. Он чӣ накардем, бигзор дигарон оянду беҳтару хубтар анҷом диҳанд.
– Гузаштагони куҳан боз гуфтаанд, ки “кори имрӯзаро ба фардо нагузоред”. Шумо доно, аз афташ корҳои вазнинро анҷом надодаву ба ояндаҳо ҳавола кардед.
Лайло РАҶАБОВА, мудири маорифи шаҳри Турсунзода
– Бо вуҷуди давра ба давра баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ҳоло низ рушди соҳаи маориф на дар он сатҳе қарор дорад, ки Ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
– Бисёриҳо ҳамин гапро мегӯянд, муаллимаи азиз. Аммо шумо дар мавриди ҳамон “давра ба давра баланд бардоштани сатҳу сифати таълим” ягон омор доред?
Рауф МАҶИДИЁН, ҷавони тоҷики муқими Ню-Йорк
– Шаҳрванди хориҷие, ки тоза ба ИМА омадааст, беҳтараш дар ҳамон соҳае, ки пештар кор мекард, фаъолият намояд. Ин барои муайян кардани даромади доимӣ осон мешавад.
– Агар он нафар аз ҳамон соҳаи пештар кор мекардааш гурезон шудаву ба ИМА рафта бошад чӣ? Дар ин сурат ӯ бояд чӣ кор кунад?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ