Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Мирзоалӣ ҶОМАТОВ, омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода

— Агар меҳнати ҳалол кунӣ, ҳам обрӯ меёбиву ҳам мартаба. Барои омӯзгори асил аз муваффақияти шогирд дида ифтихоре бештар нест. Зеро ҳосили шаҳдчиниҳои занбӯр агар асал бошад, аз омӯзгор шогирд аст.

— Агар шогирд мисли занбӯри нарина фақат асал хӯрад чӣ? Охир, занбӯрҳои нарина аз пайи шаҳдчинӣ намегарданд ку!

Манижа САНГИН, овозхони тоҷиктабори муқими Русия

— Сабаби ба таъхир афтодани консерт дар Душанбе “мобилизатсия” мебошад. Яъне, қисми зиёди мусиқачиҳои ман мард ҳастанд ва ин иқдом сабаб шуд, ки консертро аз 9-уми октябр ба 24-уми ноябр гузаронем.

— Омадан мегирифтед, ҳеҷ гап набуд. Пулатон ҳаст ку! Маблағгузорӣ мекардед, ҳаминҷо бароятон беҳтарин мусиқачиҳоро киро мекардем.

Абдуҷалили АМОН, роҳбари Маркази “Хирад”

— Ҳамаи панду андарзро бузургони классики мо гуфтанд ва олам ононро пазируфт. Аммо мо нохонда доно шудем. Имрӯз танҳо номи бузургонамонро медонем ва аз гуфторашон баҳрае набурдаем.

— Муболиғаро аз ҳад гузаронидед! Садфоиза боварӣ доред, ки номи бузургонамонро медонем?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *