Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Ҳақназар ҒОИБ, Шоири халқии Тоҷикистон
— Ҳозир ҳам агар худамро дар ягон ҷо шоир гӯям ва агар маро шоир гуфта муаррифӣ кунанд, хиҷолат мекашам. Зеро дар қатори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Бедил, Иқбол… худро шоир гуфтан душор аст.
— Хоксориро аз ҳад гузаронидед ку, устод! Хиҷолат накашед. Шоирчаҳое дорем, ки худро аз Рӯдакиву Фирдавсӣ, Бедилу Иқбол ҳам боло мебинанд.
Каримҷон ҒАФУРОВ, корманди Театри халқии шаҳри Истаравшан
— Кашидани як дона сигор панҷ дақиқа умри инсонро кӯтоҳ мекардааст. Як хандаи аз таҳти дил панҷ дақиқа умри инсонро дароз мекардааст. Пас, аз таҳти дил бихандед, то умратон дароз шавад…
— Зиндагии тинҷу таъмин ба лаби инсон ханда меовардааст… Мушкиливу тангдастӣ дар зиндагӣ инсонро сигоркаш ҳам мекардааст…
Бахтиёр ШОҲЕВ, мудири Маркази тиббии «Шоҳёр»
— Дар ҷаҳон руҳҳои бади зиёде ҳастанд, ки тавассути портал ба ҷаҳони мо ворид мешаванд, то ки одамонро озор диҳанд. Худо маро ба наздаш даъват кард, бо ӯ суҳбат кардам ва гуфт, ки маро дӯст медорад.
— Мабодо Худо нагуфта буд, ки баъди суҳбататон шуморо боз ба ягон ҷойи дигар даъват мекунанд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ