Фаридун Сафаров

Блогери шинохта дар “Тоҷикистон” ва Pressa.tj. Ба “Фавик” диплом тақдим шуд

Блогери шинохта Фаридун Сафаров, ки бо тахаллуси “Фавик” маъруф аст, меҳмони идораи рӯзномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj шуд.

Ба Фаридун Сафаров, ки дар озмуни онлайнии “Рейтинг — 2022” дар номинатсияи “Блогери сол” сазовори ҷойи аввал шуд, диплом тақдим гардид. Ӯ аз ин иқдоми сомонаи Pressa.tj дастгирӣ намуда, онро минбари муаррифии истеъдоду ҷавонони муваффақ номид.

Дар охир Фаридун Сафаров ба чанд саволи хабарнигори рӯзномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj ҷавоб гуфт, ки рӯзҳои наздик навори он дар ютубканали Pressa.tj нашр хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *