«Боди афғонӣ» то кай Тоҷикистонро хокборон мекунад?

 

Ду  шабонарӯз  инҷониб дар Тоҷикистон хокбориш  давом дорад, ки  минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии ҷумҳуриро ғуборолуд намудааст.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғубори чанголуд ба номи «боди афғонӣ» аз ҷониби  Афғонистон ва Ӯзбекистон бошиддат вазида, бо сабаби ҳаракати зиддисиклони ғарбӣ аз Урал  ҷумҳуриро фаро гирифтааст.
Агентии обуҳавошиносӣ тоҷикистониёнро, бахусус онҳое, ки мубталои бемориҳои дилу рагҳо ва нафасгардӣ ҳастанд, инчунин аз кӯдакон даъват менамояд, ки ба қадри имкон манзили худро тарк накунанд ва роҳҳои эҳтиёткориро риоя намоянд.
Соҳибони воситаҳои нақлиёт, инчунин ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ оид ба номусоид омадани ҳаво огоҳ карда шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳавои ғуборолуд то 15 июл идома меёбад. Ҳавои сард бошад, ду рӯз идома ёфта, аз 16 июл баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст.
Дар ин рӯзҳо, дар минтақаҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ҳаво рӯзона гарм шуда, то ба 37 дараҷа, дар минтақаҳои кӯҳӣ то 32 дараҷа гармӣ мерасад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рӯзона 30-34 дараҷа гарм мешавад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат 25-30 дараҷа ва дар шарқи он 14-19 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар пойтахт  рӯзона 32-34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Хотиррасон мекунем, ки  «боди афғонӣ»-боди хушк ва гарми  маҳаллӣ буда, дар Осиёи Марказӣ мевазад. Вазидани он аз якчанд рӯз то ба чанд ҳафта идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *