Бонувони Амонатбонк дар қатори 20 бонуи муваффақи соҳаи бонкдории Тоҷикистон

24-уми апрели соли 2025 дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и шаҳри Душанбе маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ва бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он арҷгузорӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати занон дар соҳаи молиявию бонкдории кишвар мебошад.

Намояндагони фаъоли КВД БА ҶТ Амонатбонк дар байни ғолибон қарор гирифтанд:

🔹 Рукмина Сафарзода, муовини Раиси Амонатбонк, барои фаъолияти шоиста ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи бонкдорӣ бо унвони “Бонуи муваффақи соҳаи бонкдории Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.

🔹 Шаҳноз Исмоилова, муовини директори Департаменти қарздиҳӣ, дар номинатсияи “Корманди қарзии беҳтарин” ғолиб дониста шуда, бо дипломи Ассотсиатсия қадрдонӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки ғолибон барои фаъолияти намунавӣ, малакаи баланди касбӣ, саҳми намоён дар рушду пешрафти соҳаи бонкдорӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ интихоб гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *