Бориши барф дар масири Варзоб ва Шаҳристон
Ба иттилои Филиали “Инновейтив Роуд”, ки нигаҳдории роҳ дар масири Душанбе – Чаноқро ба ӯҳда дорад, аз боридани барф дар ин шоҳроҳ хабар дода аст. Ба навиштаи манбаъ дар минтақаҳои Варзоб ва Шаҳристон бориши барф оғоз шудаст.
Манбаъ аз омодагии худ хабар дода гуфтааст: “дар ҳолати мазкур кормандони мо фаъолияти худро тавсеа бахшида, роҳро мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилағзиш коркард намуда истодаанд”.
Аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми сафар талаботи марбут ба мавсими сарморо риоя кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ