Боз дар Душанбе 1 шабонарӯз оби нӯшокӣ қатъ мешавад

Аз соати 23:00 –и рӯзи 23 октябр то соати 23:00 –и рӯзи 24 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар маҳаллаҳое, ки 1 шабонарӯз об қатъ мегардад:

ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дӯстӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, А.Қаҳҳоров, М.Маҳмадалиев ва А.Наҷмиддин;

ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои М.Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро — 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М.Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои КВД  «Роҳи оҳан» то бинои КВД Меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯб.

Аз сокинони шаҳри Душанбе хоҳиш карда шудааст, ки ба миқдори зарурӣ обро захира намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *