Наимов қаҳрамони дуюмбора дар UFC

Муҳаммад Наимов рамзкори тоҷик бо қарори доварон дар UFC 294 дар шаҳри Абу-Даби бар Натаниэл Вуди англис  ғалаба кард.

Рақобати размикорон 3 раунд идома ёфт. Дар ҷараёни сабқат Муҳаммад аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дода, зарбаҳои ҳадафрас дошт ва аз ҷониби доварон имтиёзҳои бештар гирифт.

Наимови 29 сола  дар корномаи варзишиаш дар намуди муҳорибаҳои омехта, 12 мубориза гузаронда, дар 10-тои он ғалаба кардааст. Рақиби ӯ Натаниэл Вуд 30-сола буда, дар корномаи варзишиаш 20 ғалаба ва 6 бохт дорад.

Ин ғалабаи дуюми Муҳаммад дар ташкилоти бонуфузи UFC маҳсуб мешавад. Дар рақобати дебютиаш Муҳаммад бар Ҷейми Малларки аз Австралия музаффарият ба даст оварда буд.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *