Боз як футболбози ҷавони тоҷик ба Ӯзбекистон гузашт
Футболбози 24-солаи тоҷик Муҳаммадҷон Раҳимов ба бошгоҳи «Насаф»-и Қаршии Ӯзбекистон гузаштааст. Шартномаи ӯ бо ин бошгоҳ то охири соли 2023 давом мекунад.
Раҳимов пештар дар тимҳои «Равшан», «Ҳосилот» ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон, инчунин дар «Ордабаси»-и Қазоқистон бозӣ кардааст.
Муҳаммадҷон Раҳимов дар ҳайати мунтахаби кишвар 42 бозӣ анҷом дода, ду гол задааст. Ӯ аз соли 2016 дар ҳайати тими миллӣ ба майдон мебарояд.
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ