Боз як муҳоҷири тоҷик фавтид

Як мардикори 24-солаи тоҷик рӯзи 14 июн дар як сохтмон дар вилояти Ленинград дар натиҷаи ба болои сараш афтодани як халта семент ба ҳалокат расидааст.

Ин фоҷиа рӯзи чоршанбе дар сохтмони як манзили баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи Новая дар шаҳраки Муринови ноҳияи Всеволожский дар канори шаҳри Санкт-Петербург рух додааст. Гуфта мешавад, шаҳрванди ҳалокшудаи Тоҷикистон дар ин сохтмон тибқи қарордод ҳамчун кафшергар кор мекард.

Шоҳидон мегӯянд, ки ҳангоми кор аз яке аз қабатҳои болоии ин бинои нимсохт як халта семент сарозер шуда, рост ба болои сари ҷавони 24-солаи тоҷик зад.

Тафтиши ҳодиса идома дорад.

Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 тан аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои мухталиф, аз ҷумла ба сабаби фалокатҳо дар ҷои кор, ҷон медиҳанд. Яъне ҳар рӯз дар ин кишвар дастикам се муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯяд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *