Имрӯз то 40 дараҷа гармӣ дар назар аст

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,  имрӯз, 16 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии он дар баъзе минтақаҳо то 44 дараҷаро ташкил медиҳад.

Бар асоси пешгӯии Агентӣ, дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят   шабона  11-16 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 1-4 дараҷа ва рӯзона 15-20 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона 39-44 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман  абрнок гардида,  дар водиҳо шабона ба 16-21 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе  ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст, гармии ҳаво шабона 17-19 ва рӯзона 38-40 дараҷаро ташкил медиҳад.

 КҲФТ мегӯяд, ки бо сабаби аз рӯзҳои 16 ба 18 то 40 дараҷа гарм шудани ҳарорати ҳаво эҳтимоли об шудани тармаву пиряхҳо ба миён омада, боиси дар баъзе минтақаҳоомадани сел шавад

Выше 40 градусов — сегодня и последующие три дня

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *