Боз зилзила. Дар ду ҳафта 11 адад

Имрӯз, 16 август соати 7.10 ба вақти маҳаллӣ зилзилае Душанберо такон дод.

Бино ба иттилои Маркази зилзилашиносии Амрико, ин зилзила дар минтақаи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон дар умқи 210 километр рух додааст.

Қувваи зилзила дар дар Ҷурм 5,2 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст.

Феълан дар мавриди харобӣ ва ё талафоти ҷонӣ бар асари ин офати табиӣ гузорише нарасидааст.

 Тибқи гузориши Маркази зилзилашиносии Амрико дар ду ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон ва Афғонистон 11 зилзила бо неруи аз 4 то 5,8 дараҷаи Рихтер рух дода, хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ ба дун бол надоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *