Боздид аз ҷараёни сохтмони мактаби русӣ дар шаҳри Хуҷанд

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз рафти сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимаш бо забони русӣ, ки бо маблағгузории Федератсияи Русия дар маҳаллаи Темурмалики шаҳр ҷараён дорад, аз наздик шинос гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, мактаб аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1224 ҷой пешбинӣ гардида, дорои тамоми инфрасохтори таълимӣ мебошад. Фармоишгари татбиқи ин лоиҳаи азим бо супориши Ҳукумати Русия Бонки авруосиёии рушд амалӣ шуда, пудратчии генералӣ «ЗАРУБЕЖДИПСТРОЙ» дар ҳамҷоягии ширкати ватании ҶДММ «Нуроб» мебошанд. Алҳол дар сохтмони мактаб беш аз 300 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ машғули кори доимианд. Интизор меравад, ки сохтмони мактаби мазкур тибқи нақша то 1-уми сентябри соли 2022 ба анҷом расад.

Бино ба таъкиди манбаъ, сохтмони мактаби мазкур тибқи барномаҳои Русия — ташаббуси муштараки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимир Путин амалӣ карда шуда, раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ, мусоидат барои муҳайё намудани инфрасохтори ҳудуди он, зеббахшии атрофи муассиса ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳо додааст.

— Ёдовар мешавем, ки дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи маориф ва илм давоми се соли оянда дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ ба истифода дода мешаванд. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон 15-уми январи соли 2020 ба тасвиб расонида шуд. Омӯзиш дар ин панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забони русӣ, мувофиқи дастурамали таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *