Боздошти 4 ноболиғ барои содир кардани силсилаи дуздиҳо
Чаҳор нафар ноболиғ, ки ҳамчун гумонбар дар содир кардани шумораи зиёди ҷиноятҳои дуздӣ шинохта шудаанд, аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дастгир гардиданд.
Бино ба иттилои мақомоти милитсия, шахсони дастгиршуда — Шевченко Р., Исмоилов У., Носирзода С. ва Поспелов Д. дар ҳамдастӣ ва бо маслиҳати пешакӣ, дар қаламрави пойтахт силсилаи дуздиҳоро содир намудаанд.
Тафтиши пешакӣ муайян намудааст, ки гумонбарон ба таври пинҳонӣ вориди мағозаҳо ва ошхонаҳои сокинон гардида, маводҳои пулӣ ва ашёҳои арзишмандро ғайриқонунӣ тасарруф намудаанд.
Аз ҷумла, рӯзи 13-уми июли соли ҷорӣ, онҳо аз дохили ошхонаи «Шафран», воқеъ дар кӯчаи Назаршоев, 21 ҳазору 200 сомонӣ маблағи нақдро дуздидаанд.
Айни замон, нисбат ба гумонбарон чораҳои пешгирии ҳабси муваққатӣ татбиқ гардида, тафтишот идома дорад.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон даъват мекунад, ки нисбат ба амнияти дороии худ эҳтиёт бошанд ва дар ҳолати дучор шудан ба ҳолатҳои гумонбар, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ