Боздошти ду ҷавон дар Хатлон бо гумони дуздии 18 асп

Ду ҷавони сокинони ноҳияҳои Фархор ва Восеи вилояти Хатлон бо гумони дуздии 18 асп дастгир шудаанд. Раёсати ВКД дар ин вилоят аз онҳо Маҳмуд Ораеви 26-сола ва Холмуҳаммад Оралови 28-сола ном бурдааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷавонон дар 8 ҳолат 18 аспи сокинони Хатлонро рабуда, ба соҳибони чорво дар умум ҳудуди 330 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд. Маълум нест, ки боздоштшудаҳо ба ин гуфтаҳои мақомот чӣ назар доранд.

Бар зидди боздоштшудагон бо иттиҳоми “дуздӣ ба миқдори калон”  парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *