Боздошти ду нафар барои тақаллуб бо либоси низомӣ дар Душанбе
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шарифзода Абдуҷаббор ва Ҷумахон Ҷурахоновро ҳамчун гумонбар дар қаллобӣ дастгир намуд.
Бино ба иттилои мақомот, пас аз санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро анҷом дода, ин афродро боздошт карданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, гумонбарон бо пушидани либоси низомӣ худро ҳамчун кормандони бозрасӣ муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандон бо роҳи фиреб маблағҳои гуногун талаб карда, гирифтаанд. Мақомоти милитсияи пойтахт мегӯяд, ки чунин амалҳои ғайриқонунӣ ба обрӯ ва эътимоди ҷомеа нисбат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсири манфӣ мерасонанд.
Айни замон нисбати боздоштшудагон маводҳои зарурӣ барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода шуда, парванда дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ