Боздошти марде дар Ӯзбекистон, барои “табобати” кӯдакон пул ҷамовари мекард
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон мардеро боздошт карданд, ки худро ҳамчун хайрхоҳ муаррифӣ намуда, дар интернет барои «табобати» кӯдакон маблағ ҷамоварӣ мекардааст.
Барои ин кор ӯ аз аксҳои ҳақиқии кӯдакони қаблан бемор, вале аллакай сиҳатшуда истифода бурда, тамоми маблағҳои ҷамъшударо ба фоидаи худ мегирифтааст.
Ба иттилои хадамоти матбуотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷиззах, ин мард пас аз муроҷиати падари яке аз кӯдакон фош гардида аст.
Ба гуфтаи мақомоти Ӯзбекистон, “падар аксҳои фарзандашро дар интернет мебинад, ки барои табобаташ маблағ ҷамовари карда истодаанд ва ба мақомоти маҳаллӣ хабар медиҳад”.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқӣ Ӯзбекистон шахси қаллобро дарстгир мекунанд. Маълум шуд, ки ӯ сокини 26-солаи вилояти Тошканд аст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ дар асоси “Қаллобӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ” оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ