Вазири мудофиаи Украина дигар шуд
Михаил Федорови 35 сола вазири нави мудофиаи Украина таъйин шуд.
Парлумони Украина “Верховная Рада”, Михаил Федоровро ба вазифаи вазири мудофиа Украина таин кардааст.
Аз номзадии Федоров ба ин симат 277 вакил ҷонибдори кардааст.
Федоров изҳор дошт, ки аввалин иқдоми ӯ дар мақоми нав гузаронидани шафофсозии молиявии воқеӣ дар Вазорати мудофиа хоҳад буд.
“Вазифаи аввалини ман — гузаронидани шафофсозии воқеӣ молиявӣ дар Вазорати мудофиа аст. Ҳадафи мо гузаронидани ислоҳоти артиш, беҳтар кардани инфрасохтор дар хатти муқаддамӣ ҷанг, решакан кардани дурӯғ ва фасод, табдил додани роҳбарӣ ва эътимод ба фарҳанги нав”- изҳор дошта аст Федоров.
Федоров дар ин вазифа Денис Шмигаляро иваз кард. Ба иттилои расонаи маҳаллӣ собиқ Вазири мудофеа ба вазифаи вазири энергетика таин шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ