Боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони куштори сокини Екатеринбург

Дар Екатеринбург се муҳоҷири тоҷикистонӣ бо гумони қатли як сокини маҳаллӣ боздошт шудаанд. Ба гузориши портали маҳаллии E1.RU, ҳодиса дар оғози июн рух додааст.

«Субҳи 2-юми июн дар истгоҳи автобуси «Надеждинская» дар маҳаллаи “Старая Сортировка” дар наздикии ҳавзи “Верх-Истецкий” миёни се муҳоҷир ва ду сокини маҳаллӣ задухӯрд рух дод. Дар ҷараёни он як сокини 46-солаи маҳаллӣ кушта шуда, як нафари дигар ба бемористон мунтақил шуд”,- хабар медиҳад манбаъ.

Ба гуфтаи як шоҳид, сабаби муноқиша он будааст, ки яке аз кушташудагон «ба пойи» муҳоҷирон расидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, мақомоти милитсия то ҳол расман ин хабарро шарҳ надодааст. Аммо як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ ин ҳодисаро таъйид карда, гуфтааст, ки муҳоҷирон аллакай дастгир шудаанд.

«Ҳар се муҳоҷир аллакай боздошт шудаанд. Баъдан маълум шуд, ки онҳо дар Русия ғайриқонунӣ будубош доштаанд. Яке аз онҳо ба қабурғаи Александри 46-сола задааст, ки ӯ баъдан дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Зарба чандон сахт набуд, вале вазъи саломатии мард бад шудааст»,- афзуд манбаъ.

Барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ тибқи Кодекси ҷиноятии Русия ба ҷинояткорон то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар чанд рӯзи охир ин дуюмин муноқишаи муҳоҷирон дар ҳудуди Екатеринбург аст, ки қурбонӣ дорад. Пештар аз ин варзишгар Суҳроб Давлатов барои куштори ду муҳоҷири дигаре дар як муноқиша боздошт шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *