Боздошти танкери нафти Русия аз ҷониби ИМА
Нерӯҳои ИМА киштии нафтбарӣ “Маринер”-ро , ки бо парчами Русия ҳаракат мекард дар уқёнуси Атлантика боздошт кардааст.
Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 7-уми январ дар нишсати хабарии доимӣ хабарнигорон сухангӯи Кохи Сафед хонуми Кэролайн Ливитт изҳор дошт.
«Инчунин илова мекунам, ки дар бораи киштӣ ва экипажи он қарори судӣ барои боздошт содир карда шудааст ва ин маънои онро дорад, ки экипаж акнун барои ҳар гуна вайронкунии мувофиқи қонунгузории федералӣ ба судгоҳ кашида мешавад ва дар сурати зарурат барои чунин таҳти таъқиб қарор додан ба Иёлоти Муттаҳида бурда хоҳад шуд», – гуфт вай.
Мақомоти Русия ҳам боздошти танкери нафтиро таид карданд. Вазорати нақлиёти Русия ҳам боздошти танкери “Маринер”-ро дар шабакаи иҷтимоии телеграми худ таид кардааст.
Ба гуфтаи мақомоти Русия танкери нафтӣ 24 –уми декабри соли 2025 иҷозатномаи муваққатӣ барои шиноро таҳти парчами Русия гирифтааст. Ин иҷозатнома бар асоси қонунҳои Русия ва қонунҳои байналмилалӣ дода шудааст.
Мақомоти Руси ин боздоштро нақзи Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи баҳрии соли 1982 медонад.
“Ҳеҷ як давлат наметавонад нисбати киштиҳое, ки дар қаламрави кишварҳои дигар ба қайд гирифта шудаанд, зӯроварӣ истифода барад”, – қайд кардаст Вазорат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ